Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз,

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз? Харҷам фузун зи ғояту қарзам бурун зи ҳад, Фикр аз барои харҷ кунам ё барои қарз? Аз ҳеч хат натобам, ғайр аз сиҷилли дин, В-аз ҳеч кас нанолам, ғайр аз гувои қарз. Дар шаҳр қарз дораму андар маҳалла қарз, Дар кӯча қарз дораму андар сарой қарз. Аз субҳ то ба шом дар андеша мондаам, То худ куҷо биёбам ногаҳ риҷойи қарз. Мардум зи дасти қарз гурезону ман ба сидқ Хоҳам пас аз намозу дуо аз Худой қарз. Арзам чу обрӯйи гадоён ба бод рафт, Азбаски хостам зи дари ҳар гадой қарз. Хоҷа алои давлату дин, он ки ҷуз кафаш Ҳаргиз касе надид ба гетӣ сазои қарз.