Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам
Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам
Доиман ҳамнишину ҳамдами қарз.
Муддате гирди ҳар касе гаштам,
Бу, ки орам ба даст марҳами қарз.
Охируламр ҳеч кас накшод
Пойи ҷонам зи банди муҳками қарз.
Ба дурустӣ наёфтам ҷое,
Ки маро вораҳонад аз ғами қарз.