Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро Хурдае аз ҳар каноре омадӣ. Дар висоқам нони хушку таррае Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ. Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ, Гар надиме, ё нигоре омадӣ, Нест дар дастам кунун аз хушку тар, З-он чӣ вақте дар каноре омадӣ. Ғайри ман дар хонаам чизе намонд, Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.