Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: қитъа

Шеърҳои марбут ба теги «қитъа» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Чӣ тафовут кунад ар з-он ки биёӣ бари мо

👁 0

Чӣ тафовут кунад ар з-он ки биёӣ бари мо Бомдодон, ки тафовут накунад лайлу наҳор. Даст дар домани май зан, ки аз ин пас шабу рӯз Хуш бувад домани саҳрову тамош

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Шаробхораму нарроду ринди шоҳидбоз,

👁 0

Шаробхораму нарроду ринди шоҳидбоз, Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд. Зи нангу тавбаву тасбеҳу зуҳд дар ранҷам, Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Худоё, дорам аз лутфи ту уммед,

👁 0

Худоё, дорам аз лутфи ту уммед, Ки мулки айши ман маъмур дорӣ. Бигардонӣ қазои зуҳд аз ман, Балои тавба аз ман дур дорӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам

👁 0

Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам Чу осмон ба баландиш нест ҳамтое, Ба нисбати ману бо астаре, ки ман дорам, Ба ростӣ, ки балоест ин, на болое.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ,

👁 0

Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ, Эй бе ту ҳаром зиндагонӣ, Эй роҳати ҷону қуввати дил, Эй мояи айшу комронӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро

👁 0

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро Хурдае аз ҳар каноре омадӣ. Дар висоқам нони хушку таррае Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат

👁 0

Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат Муроди дидаи борикбинон. Ғами ишқат ба ҳушёрию мастӣ Муроди дидаи хилватнишинон.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам

👁 0

Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам Доиман ҳамнишину ҳамдами қарз. Муддате гирди ҳар касе гаштам, Бу, ки орам ба даст марҳами қарз.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз,

👁 0

Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз?

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай?

👁 0

Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай? Ҷаҳон фонист, рав, тарки ҷаҳон гир! Чу мардон доман аз дунё бияфшон В–аз ин гирдоб худро бар карон гир!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард,

👁 0

Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард, Ақлу рӯҳ офариду мардум кард, Риштаи коинот дар ҳам баст, Пас сари ришта дар миён гум кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман

👁 0

Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман Ҳеч донӣ, ки саҳаргоҳ чаро механдад? Бо вуҷуди гиреҳи ғунчаву тангии дил ӯ Ҳикмате ҳаст, на аз боди ҳаво механдад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман

👁 0

Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман Зи банди ҳодисаи рӯзгор бикшояд. Хаёл буд маро, к-он ғараз, ки мақсуд аст, Ҳусули он ғараз аз шаҳрёр бикшояд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест,

👁 0

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест, Фаровон маро харҷу зар ҳеч нест. Ҷаҳон, гӯ, ҳама айшу ишрат бигир, Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеч нест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ