Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,
К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд.
В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.
Зиндаст номи фаррухи3 Нӯшинравон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,
З-он пештар, ки бонг барояд фалон намонд.