Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Баҳри ёрон амирзодаи мо
Баҳри ёрон амирзодаи мо Гӯспанде харид фарбеҳу хуш. Зуд боварчиёни матбахи вай, Гӯ, сипанд афкананд дар оташ.
Буд вақте Камоли Исмоил
Буд вақте Камоли Исмоил Шарафи рӯзгори аҳли сухан. Ба камоли ту дар сухан, к-имрӯз Он Камол ин шараф надошт, ки ман.
Ба най гуфт дар хонақаҳ сӯфие
Ба най гуфт дар хонақаҳ сӯфие, Ки доранд ҷамъе ба бонгат ҳавас. Най ангушт бар дида бинҳоду гуфт: Камар бастаам дар қабули нафас.
Ба маҷмаъе, ки даф аз қавли хеш мезад лоф
Ба маҷмаъе, ки даф аз қавли хеш мезад лоф, Ҷавоб дод, наяш дар нафас ба бонги баланд, Ки дар баробари ман, эй фарохи чанбарпӯш, Зи лутфи лофзанӣ тан зану ба таб
Ба мо он сӯфии бубридабинӣ
Ба мо он сӯфии бубридабинӣ Ба ғайр аз аҷзу мискинӣ надорад. Нашояд ҷурми худбинӣ бар ӯ баст, Ки он бечора худ бинӣ надорад.
Ба самъи Муъҷазӣ, эй пайки ошиқон, бирасон
Ба самъи Муъҷазӣ, эй пайки ошиқон, бирасон Ҳадиси шавқи мулоқоту орзумандӣ. Зи баъд он ки задӣ ҳалқа бар дару худро Дар он ҷаноби ҳумоюн чу давлат афкандӣ.
Ба самъи Шайх Муҳаммад, аё сабо, бирасон
Ба самъи Шайх Муҳаммад, аё сабо, бирасон, Ки бод пераҳани сабри мо зи дасти ту чок. Дар ин ҷаҳон, ки бувад ранҷу роҳаташ гузарон, На дӯстист, ки бошӣ ту шоду мо
Бар сари бемӯ Ҳисоми Хилватиро ҳар кӣ зад
Бар сари бемӯ Ҳисоми Хилватиро ҳар кӣ зад, Ҳақ ба дасти ӯст, гар фарёду афғон мекунад. Чун сараш зери кулоҳи бахя аз гармӣ бисӯхт, Бар мисоли косаи нав бонги пи
Бо ман он турки камонабрӯ гуфт
Бо ман он турки камонабрӯ гуфт Пеши чашмаш ба забони туркӣ: Гар туро куштаам, он зинда бубин Дар миёни ду камони туркӣ.
Бо фуқоӣ гуфтам аз рӯи мазоҳ
Бо фуқоӣ гуфтам аз рӯи мазоҳ, Бадмуомил нестам ман, эй хасис! Ваҷҳи шарбатҳо, ки додӣ насяам, Гар фаромӯшат шавад, бар ях навис!
Боғест пур аз гули маъонӣ
Боғест пур аз гули маъонӣ Девони Камол, тозааш дор! Шеъри дигарон чу хори уштур Перомани ӯ фарози девор,
Бо Акбари мускир ба дукон гуфтам ман
Бо Акбари мускир ба дукон гуфтам ман: З-ангишт сияҳ шуд ба танат пироҳан. Гуфто, ки зи ишқи ... Аҳмад сӯхт Бар оташи дил пераҳани пораи ман.
Ин хайма сародиқи Камол аст
Ин хайма сародиқи Камол аст, Нуқсон зи таноби ӯ гусаста. Гирди дари ӯ зи субҳ то шом Асҳоби камол халқа баста,
Эй толиби маъонӣ дар шоирӣ зи ҳар дар
Эй толиби маъонӣ дар шоирӣ зи ҳар дар, Дар ҳуҷраи Маъозӣ чун оиву нишинӣ. Аз бас тавозуъ ӯро кӯчакдиле шиносӣ, Лекин бародари ӯ марде бузург бинӣ.
Эй, чу байте ба байти худ намаде
Эй, чу байте ба байти худ намаде Хостӣ, гарчи он сазовор аст. Ҳамчу шеърат чаро намедуздӣ Намади хонақаҳ, ки бисёр аст?
Эй он, ки дафтари мо дидӣ пур аз ҳавошӣ
Эй он, ки дафтари мо дидӣ пур аз ҳавошӣ, Донам, ки бо дили худ, гуфтӣ чиҳост инҳо? Бисёр дида бошӣ хошок бар лаби баҳр, Аз баҳри шеъри мо ҳам хошокҳост инҳо.
Ало, эй сӯфии макшуфботин
Ало, эй сӯфии макшуфботин, Ки бинмоӣ раҳ арбоби вараъро! Ба ботин сурати фақри дуогӯй Чу бинӣ, қатъ кун аз ман тамаъро!
Агар Зуҳра шунидӣ бонги чангат
Агар Зуҳра шунидӣ бонги чангат, Рубобу барбати худ бо ту медод В-агар будӣ найе, бар расми туҳфа Ба нохунҳои ту най мефиристод.
Аз китобат машав, Ҷалол, малӯл
Аз китобат машав, Ҷалол, малӯл, Қалами коҳилӣ ба хат даркаш! Сухани холи худ навис, ки ҳаст Сухани холу хат навиштан х(в)аш.
Аз ҷаноби Рафеъи Довудӣ
Аз ҷаноби Рафеъи Довудӣ, Ки Сулаймонаш остон бӯсид, Ба тариқи муомила сӯи шайх Муддате шуд, ки туҳфае нарасид.
Овози ҳазини Сӯзаниро
Овози ҳазини Сӯзаниро Машнав, ки кунанд айби бисёр. Хушк аст ҳамину тезу борик, Чун сӯзани хорҳои девор.
Он к-аз камоли сидқи сафои даруни ӯ
Он к-аз камоли сидқи сафои даруни ӯ Ҳар сӯфпӯш сӯфии софисифот шуд, Илми тасаввуф он ки аз ӯ иктисоб кард, Восил ба Ҳақ чу Хизр ба оби ҳаёт шуд.
Он хушписар, ки бурданд дар мактаби "Низом"-аш
Он хушписар, ки бурданд дар мактаби "Низом"-аш, Муштоқи ӯст, аз ҷон дорад варо гиромӣ. Симинзақан нигоре девони шайх дар даст, Ё Раб, нигоҳ дораш аз "Хамса"-и Н
Гордость душит сильнее, чем чувства
Гордость душит сильнее, чем чувства, Она превыше человеческой любви. Людское эго доводит до безумства, Сжигая дотла капли добра внутри.
Нас мучает беспредельный страх
Нас мучает беспредельный страх: Какая участь ждёт после смерти? Медленно превратятся тела в прах, А души невинные обретут бессмертие.
