Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ба самъи Шайх Муҳаммад, аё сабо, бирасон

Ба самъи Шайх Муҳаммад, аё сабо, бирасон, Ки бод пераҳани сабри мо зи дасти ту чок. Дар ин ҷаҳон, ки бувад ранҷу роҳаташ гузарон, На дӯстист, ки бошӣ ту шоду мо ғамнок! Касе, ки ӯ пайи дунё зи даст дод диле, Фурӯхт домани дунё ба камтарин хошок. Гузашт муддати шаш моҳу қурби соле шуд, Ки туҳфает фиристодам аз ақидаи пок. Бад-он умед, ки ташрифи банда бифристӣ, Зи бандагони худу аз касе надорӣ бок. Шунидаам, ки ҳанӯзат наёмадаст ба даст Fуломаке, ки сабукруҳ бошаду чолок. Маро ғулом ба айёми зиндагӣ бояд, На он ки баъди вафотам бувад муҷовири хок.