Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ба самъи Муъҷазӣ, эй пайки ошиқон, бирасон

Ба самъи Муъҷазӣ, эй пайки ошиқон, бирасон Ҳадиси шавқи мулоқоту орзумандӣ. Зи баъд он ки задӣ ҳалқа бар дару худро Дар он ҷаноби ҳумоюн чу давлат афкандӣ. Бигӯяш ин қадар аз ман, ки эй ба рутбату фазл Гузашта қадри ту аз пояи ҳунармандӣ! Чӣ гул шукуфт аз инат, ки бар сабили хилоф, Дарахти меҳру муҳаббат зи бех баркандӣ? Гар аз танидаи ёрӣ гусаста шуд торе, Чӣ бошад, ар ба сарангушти афв пайвандӣ. Маро худ аз ту чӣ нафъу туро зи ман чӣ зарар, Ки ман туро биписандам, маро ту напсандӣ? Ба назму наср, гирифтам, ки Саъдии вақтем, Ки ман зи хоки Хуҷандам, ту аз Самарқандӣ.