Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд
Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд,
Дар кишвари хунинкафанон раҳ нагушояд.
Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд,
Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.
Хун медамад аз хоки шаҳидони Ватан, вой,
Эй вой, Ватан, вой!
Гулгулкафанонро чи баҳору чи зимистон,
Хунинҷигаронро чи биёбон, чи гулистон.
Дар кишвари оташзада, дар хонаи вайрон,
Кас нест занад бӯса ба рухсори ятимон.
Кас нест, ки дӯзад ба тани мурда кафан, вой,
Эй вой, Ватан, вой!
Аз синаи ҳар санги ту хун медамад имрӯз,
Аз хоки ту мастиву ҷунун медамад имрӯз.
Он лола чи дида, ки нагун медамад имрӯз?
В-он сабза чаро зарду забун медамад имрӯз?
Сурх аст ба хун пову сари сарву суман, вой,
Эй вой, Ватан, вой!
Эй барҳанапо, сарви сарафроз туӣ, ту,
Сардору сазовор ба ҳар ноз туӣ, ту.
Душманшикану фотеҳу сарбоз туӣ, ту,
Фармондеҳи ин хок зи оғоз туӣ, ту.
Ғайр аз ту касе нест дар ин марзи куҳан, вой,
Эй вой, Ватан, вой!
Биштоб, ки дар бозуи ту фарри худоист,
Дар гардиши чашмони ту анвори илоҳист.
Ойини ту фармондеҳиву қалъагушоист,
Шамшери ту рӯшангари асрори самоист.
Торихи ту сабт аст ба ҳар кӯҳу даман, вой,
Эй вой, Ватан, вой!
Ҷуз лолаи хунбор ки рӯяд зи заминат,
Кас нест ниҳад гӯш ба фарёди ҳазинат.
Ҷуз номи Худо нест дигар нақшу нигинат,