Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Тамаддун ҳамин чанд девор нест

Тамаддун ҳамин чанд девор нест, Ва ё лӯлаи нафту анбор нест. Тамаддун фақат ҳайкали санг нест, Ҳисобаш ба миқдору фарсанг нест. Тамаддун тамомии таърихи мост, Ки паҳнои он паҳнаи Ориёст. Тамаддун ҳамон ибтидои бузург, Паёми бузурги ниёи бузург. Ки таърих бо ҳикмат омехтанд. Ва онро ба коми башар рехтанд. Таҷаллии аслу табори куҳан, Барозандаи эътибори куҳан. Ва аз Ҳерадот омад ин иқтибос, Ки "таърих, яъне ки Юнону Форс!" Тамаддун каромат, тамаддун шукӯҳ, Ки ҳар фарди ӯро баландии кӯҳ! Тамаддун ҷаҳону ҷаҳондори нек, Ба пиндору гуфтору рафтори нек. Тамаддун Куруши Кабири башар, Ҳуқуқи башарро дабири башар. Тамаддун на таҳдиду зуроварист, На худмеҳварию на худдоварист. Ки аҳли тамаддун ба ин боваранд: "Бани одам аъзои як пайкаранд", "Ҳар он кас ки дорад ҳушу рою дин", Варо нест андешае ҷуз ҳамин. Тамаддун, ба таъбири он некрой: "Хирад даст гирад ба ҳарду сарой". Тамаддун навиштаст бар лавҳи санг: "Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг!" Тамаддун бибояд ҳаёт оварад, На табъизу маргу мамот оварад. Тамаддун Хуросону инсонгарист, Ки инсон дар ӯ гавҳари меҳварист. "Агар бар вуҷудаш нишастӣ магас, Парешон шудӣ хотири чанд кас." Тамаддун ҳамон дафтари Маснавист, Ки болотар аз модиву маънавист.