Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Бораи кӯҳ пайкари Яғноб

Бораи кӯҳ пайкари Яғноб, Лолаи дашт соғари Яғноб, Бӯйи ҳулбӯ ба мушк мебезанд, Дар фазои муаттари Яғноб. Бегумон пушти кӯҳи Қоф ин ҷост, Хоҷаи Хизр раҳбари Яғноб. Як дили тангу як дари баста, Нест андар саросари Яғноб... Сангари зиндаи ватандорӣ, Теғаи тез ханҷари Яғноб. Чашми сабзаш нигини султонӣ, Шоҳбонуст духтари Яғноб. Гарданаш посутуни озодӣ, Ориёист гавҳари Яғноб... Достонҳои рафта аз ёд аст, Варақи санги мармари Яғноб. Аз сукути мазорҳо пурсед, Чӣ гузаштаст аз сари Яғноб! Даври қишлоқҳои вайрона, Метанад рӯҳи пар-пари Яғноб. Бар дари хонаҳои беодам, Интизор аст модари Яғноб. Рахт барбаста нозанинонаш, Нола кун рӯди шар-шари Яғноб! Оҳ, "обум тифар"*, ки мехушкад, Дар тафи санг арари Яғноб... Ганҷ дар ганҷ сарвати миллӣ, Хуфта дар зери бистари Яғноб. Хишти ин мардум аз тило гардад, Гар бурун оварӣ зари Яғноб... Водии маънавию рӯҳонӣ, Камари кӯҳ минбари Яғноб. Нагузорем пойи ношуста Ба замини мутаҳҳари Яғноб. Хандаи орифонае хос аст, Ба фақиру тавонгари Яғноб. Ҳафт пири тариқат аз ин ҷост, Раҳнамо шуд қаландари Яғноб!