Лаклаки барфӣ
Аё, эй лаклаки барфӣ,
Паёми навбаҳори ман,
Ду чашми интизори ман,
Дуруди дӯстдори ман.
Нигар, боз омадам
Андар суроғи лаҳзаи фирӯз,
Маро нашнохтӣ имрӯз?
Чаро нашнохтӣ?
Афсӯс...
Аё, эй ошёнат
Ғарқ андар партави хуршед,
Вуҷуди соҳири сокит.
Ба ёдат ҳаст оё,
Бо ҳазор уммед
Ба сӯят дида медӯхт як духтар,
Ниҳонӣ рӯзу шаб месӯхт як духтар.
Пару боли сафеди хешро
Чун боз мекарди,
Ба қатри лоҷуварди осмон
Парвоз мекарди.
Ту дар авҷи баландӣ,
Зи нав бо духтари шайдо
Ниҳони роз мекарди.
Тамошои Бухороро,
Ҷаҳони пири барноро
Зи нав оғоз мекарди.
Яке субҳи баҳорон
Бо гули бишкуфтаи бодом
Барои духтари шайдо
Ту овардӣ хушо пайғом,
Хабар аз ишқ овардӣ,
Дилашро ошёни орзу кардӣ.