Арӯс аз Бухоро
Аз боғи Бухоро гули нав овардем,
Як дона гули ранги алав овардем.
Дар кӯчаи ошиқони ин шаҳри куҳан
Дил дода, дилеро ба гарав овардем.
Имшаб чӣ шаб аст — шаби дилоро имшаб,
Бошад шаби ошиқони шайдо имшаб.
Хуршеду маҳу ситора дидем ҳама
Дар чеҳраи дилбари Бухоро имшаб.
Як ҷуфт кабӯтаре ба худ лона кунад,
Аз ишқ ба худ иморати хона кунад.
Бо нозу адо ва нозбардории худ
Имшаб ҳамаро волаву девона кунад.