Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Аз кӯчаҳои шаҳрам

Аз кӯчаҳои шаҳрам Ҳар гаҳ фитад гузорам, Дар ҳар қадам барояш Ҷонро зи нав супорам. Дар ҳар раҳу гузаргоҳ Ман боз интизорам, Рӯи падар биҷӯям, Бӯи варо хуморам. Дар кӯчаҳои шаҳрам Ғарқи хаёл оям, Аз нав ба қатри дунё Бар сайргоҳ бароям. Бо олами нигорин Байту ғазал сароям, Гаҳ то «Баёт» оям, То «Авҷ» гаҳ бароям. Эй тори ҷӯри танбур, Моро ту дор, маъзур. Эй нағмаҳо, навоҳо, Оҳангҳо, садоҳо, Боре хомӯш гардед, Осудаам гузоред, То ман равам тамошо Гулзори нағмаву ҳоро. То бишканам хуморе Чун духтари бухорӣ. Ҳар гӯша мебарад дил, Ҳар дар нидо намояд, Ҳар як гиреҳи кошин Сад оламе кушояд, Ҳар нақш пеши чашмам Мавзун ба рақсу ояд. Ҳар лаҳза масту маҳмур Бо шӯр месарояд.