Модари ғамгусори ман
Модари ғамгусори ман,
Шодии рӯзгори ман,
Қуввати ман, мадори ман,
Боғи ману баҳори ман —
Модари ғамгусори ман.
Садқа шавам ба номи ту,
Лоиқи эҳтироми ту,
Мақсади ту — мароми ту,
Мақсади ман — мароми ман,
Модари ғамгусори ман!
Аз ҳама кас накуй ту,
Аз ҳама хубрӯй ту,
Чашмаи орзуй ту,
Боиси обрӯй ту —
Модари ғамгусори ман.
Шамъу чароғи хонаӣ,
Шодии ин замонаӣ,
Байти хуши таронаӣ,
Барои ман ягонаӣ —
Модари ғамгусори ман.