Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Момо

Момо, говро дӯшидӣ? Ширашро нанӯшидӣ? Момо, ҷурғот нахобон, Барои ман қаймоқ мон. Аз ҳалвою аз ҷазза, Момо, қаймоқ бомаза, Мехӯрам тар карда нон, Саҳар наздам қаймоқ мон. Аз пиёлаи қаймоқ Меояд бӯи айлоқ, Бӯи гулҳои саҳро, Қаймоқ биёр, ҷон момо. Аз паси пода равам, Барои беда равам, Чӣ хоҳӣ, бидеҳ фармон — Фақат ба ман қаймоқ мон!