Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид,
Расонд мужда,ки шоҳи ҷаҳонпаноҳ расид.
Фурӯғи нури ҷамолаш ба чашми меҳр афтод,
Садои кӯси ҷалолаш ба гӯи моҳ расид.
Сурури маҷлиси риндони дурднӯш ин аст,
Ки шоҳи тахти ҷалолат ба тахтгоҳ расид.
Шуданд наъразанон ношунида нағмаи най,
Ки ин ҳаво ба муқимони хонақоҳ расид.
Ба ханда гӯ, лаби мазлум аз башорати тахт,
Ки додбахш ба сарвақти додхоҳ расид.
Гуноҳ буд, к-аз ӯ дурр зистам якчанд,
Чиҳо ба рӯяи ман аз шарми ин гуноҳ расид.
Чу кард даъвии шодӣ дилам, ба мақдами ӯ
Зи ашки шодияш аз ҳар мижа гувоҳ расид.
Расид ҷазбаи лутфе ба ҳар заиф аз вай
Бад-он масоба ки аз қаҳрабо ба кох расид.
Ба ҳар гадо, ки чу Ҷомӣ фиканд гӯшаи чашм,
Зи хоки роҳи мазаллат ба садри ҷоҳ расид.