Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сарат зи орази даҳр дардманд мабод

Сарат зи орази даҳр дардманд мабод, Замона бар дили шоди ту ғамписанд мабод! Ту ҷони аҳли ниёзӣ ба бачорболиши ноз, Танат ба нози табибон ниёзманд мабод! Зи нози кист вуҷудат сиришта сар то пой, Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод! Бар оташин лабат он хол, к-аз таб афтодааст, Ба чашмзахми ҳасудон ба ҷуз сипанд мабод! Илоҷи гиряи талхам, чу ҷоми айш кашӣ, Ба ҷуз табассумат аз лаъли нӯшханд мабод! Ҷуз он зи сарвқадон, к-ӯ қабули хотири туст, Ба пайбӯсии рахши ту сарбаланд мабод! Савора чун бадар оӣ, зи фарқи тоҷварон Ба ғайри тоҷ зи ту ҷуз суми саманд мабод! Каманди давлати сармад турост, ҳеҷ саре Бурун зи рибқаи тасхири ин каманд мабод. Найест ноираи файзи хомаи Ҷомӣ, Бар он най аз нафаси айбҷӯй банд мабод!