Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Надорад аҳд

Надорад аҳд ин дунё, ба май худро саодат кун, Бипарҳез аз зану аз мард, ба ҷоми май мурувват кун. Ба ларзиш медарояд тан ҳар он чи дида мебинад, Ту кай, эй дил, вафо дидӣ? Ба ин танҳоӣ одат кун. Чаро соқӣ ту ҷоми май зи риндон мекунӣ пинҳон? Аз ин аҳвол хабар дорӣ, ба ин аҳвол қазоват кун. Раҳи ишқ пеша кун, эй дил, ки то бинӣ зи умр боке, Ба ҷабру бар ҷафои ёр қаноат кун, қаноат кун. Ҳазорон бад расад аз ту, нагардам аз раҳи ишқат, Ту низ дар пеши буҳтонгар каме аз ман ҳимоят кун. Ба рӯзи ҳашр хоҳам хест, ба ҷустуҷӯи ёри худ, Маро, ё Раб, фақат бо ӯ равои роҳи ҷаннат кун. Ба рӯйи сустаҳдоне, ки тоби ишқ напсанданд, Зи аҳду аз дили чокам ба эшон як ривоят кун. Набошӣ гар миёни шоирони ин замон, Форис, Ту анқои бирав боло ва дар Қоф истиқомат кун.