Эй он ки бо як дилбарӣ
Эй он, ки бо як дилбарӣ дилро зи пешам мебарӣ,
Оё ту ҳурӣ ё парӣ, к-аз ину он зеботарӣ?
Рафтам фурӯ дар он хаёл, худ аз кадомин оламӣ?
Нести малоик, не башар, аз ҳар ду ин болотарӣ.
Дидаи мо кас надидааст хуштар аз ту дар ҷаҳон,
Кардаам изҳори ишқат ҳам ба шуғнӣ, ҳам дарӣ.
Ту зи ҳар чӣ бартарӣ, бар ҷони ширин раҳбарӣ,
Ҳамчун маҳи дар осмон, ҳамчун буттиву бутгари.
Дустат дорам аз азал, ишқам намирад аз аҷал,
Ширинтарӣ ту аз асал, эй ҳамчу шири модарӣ.
Гарде шавам ман бар сарат, хоке шавам андар дарат,
Гардам асири лашкарат, бар шоҳи хубон сарварӣ.
Ишқат ба дил аст ҷовидон, ҳаргиз машав аз ман ниҳон,
Боре бигир аз ман нишон, ишқат на чизест сарсарӣ.
Форис, ту масти хоб шав, дур аз рухи маҳтоб шав,
Бар коми худ комёб шав, ё на зи дунё бигзарӣ.