Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ба куҷо равам

Ба куҷо равам зи кӯят, ки раҳи дигар надорам, Ба ҷуз аз хаёли васлат ҳавасе ба сар надорам. Шаби зулмату ҷудоӣ бикунам дуо, ки ойӣ, Ту маро фақат давоӣ, чу каси дигар надорам. Шудаам ба ғам гирифтор зи висолу дурии ёр, Ту биё, биё ба дидор, ки зи худ хабар надорам. Чӣ кунам, ки дасти кӯтаҳ нарасид ба ҳусни он маҳ, Бисухтаму шудам, огаҳ ки зи ишқ самар надорам. Ту зи мо баланду мо паст, ту зиҳӣ накуву мо маст, Ба ту гар расам шабе даст, ҳоҷати саҳар надорам. Агарам зи тан равад ҷон, наравам зи кӯи хубон, Мани Форисӣ ғазалхон ҷуз аз ин ҳунар надорам.