Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Аз ишқӣ ту

Аз ишқи ту чӣ гуна хоҳам даст кашидан, В-аз ин кори мастӣ мушкил тавон буридан. Аз рӯзи аласт ишқат дар лавҳаи вуҷудам, Пас ман чӣ гуна тонам аз ин даст буридан? Соқӣ, биёр майро, то ҳаст умр боқӣ, То ҳаст умр, мастам аз ин нахом рамидан. То ҳаст хаёли васлат дар мағзи оташинам, Бе ту наметавонам як дам орамидан. Васле куну гузар кун бар ёри бемадорат, Бас аст дигар ба ҳиҷрат моро ба дор кашидан. Умеди рӯйи ҷонон дорад дили ҳазинам, Форис, бикӯш то марг бар коми хеш расидан.