Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Май агар бошад

Май агар бошад, чӣ хоҳам ман зи ин дунёи афсона,
 Бидеҳ, соқӣ, ту майро, то шавам аз ақл бегона. Надидем дар ҷаҳон як бор муроди қалби хунинро,
 Магар дунёст нопойдор, ва ё қалб аст девона? Намедонам чӣ сон парҳез кунам аз духтари раз ман,
 Ки гӯӣ сохтаанд танро зи хоки кӯҳи майхона. Бикардам ҷаҳд, то боре маро чун дӯст хонад ӯ,
 Чӣ бад кардам, ки моро ӯ ҳамехонад бегона? Магир, соқӣ, ту ҷомро аз кафи ман, то ки ман имрӯз
, Бихоҳам ҷон супурд бар ҷому танро дида мастона. Ба шеъри дилкаше Форис нагашт машҳури кӯҳи ёр,
 Бихонд аз ишқу аз дурӣ ва ё филҷумла риндона.