Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ба он ёр

Ба он ёре, ки бахшидам ҷонаш,
 Нигаҳ дораш Худо аз ину онаш. Чу сад хоре фиканданд дар пои ин дил,
 Макун хор як диле аз ҳамдилонаш. Маро дар ҳаҷри ӯ аз дида хун аст,
 Биёраш ё бидеҳ ҷову маконаш. Зи бадбахтии худ серам, аммо шукр,
 Ки нест ханда пинҳон аз лабонаш. Чу месӯзад маро дар оташи ғам,
 Масӯзаш, ҳадя кун ҳар ду ҷаҳонаш. Нигори ман, ки дорад талъати моҳ,
 Бигир абри сиёҳ аз осмонаш. Ба умеде, ки бинам боз ӯро,
 Ба орзуҳои васл боре расонаш. Чу нест дар боғи ишқ як гул бехор,
 Ту низ, Форис, бинол чун булбулонаш.