Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Ёд хоҳи кард

Маро чун рӯзгори навҷавонӣ ёд хоҳӣ кард,
 Ба вақти ғам ва ё дар шодмонӣ ёд хоҳӣ кард. Зи сӯзи ишқи ту дар ҳар куҷое шеър мегуфтам,
 Яқинан ту маро дар ҳар суруду шеърхонӣ ёд хоҳӣ кард. Зиёд ашк рехта будам зи ҳиҷру аз ҷафоҳоят,
 Маро дар шаршари шабҳои боронӣ ёд хоҳӣ кард. Ба ту меҳру муҳаббат додаму аз ту ситам бурдам,
 Маро бо сад меҳру меҳрубонӣ ёд хоҳӣ кард. Расад он рӯз, ки бирбандам рахтамро зи ин дунё,
 Маро ту дар мурури зиндагонӣ ёд хоҳӣ кард. Ба ҳар ҷое, ки рафт Форис, ба дил дошт нақшҳои ту,
 Маро чун ишқи аз дастдодаи умри ҷавонӣ ёд хоҳӣ кард.