Шеърҳо бо теги: танҳоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар,
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар, Ниҳоли қоматаш нахлест навбар. Зи ишқи он гули рухсори сурӣ Чу булбул нолаву афғон баровар.
Дилам зору дилам зору дилам зор,
Дилам зору дилам зору дилам зор, Табибам оваред, дардам кунад чор. Табибам чун бувина бар муи зор, Кара дармуни дардамро ба ночор.
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод,
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод, Наво дарде ба чашмунат нишинод. Шунидам, рафтию ёре гирифтӣ, Агар гӯшам шуну, чашмам навинод.
Яке дарду яке дармун писандад,
Яке дарду яке дармун писандад, Яке васлу яке ҳиҷрун писандад. Му аз дармуну дарду васлу ҳиҷрун, Писандам, он чиро ҷонун писандад.
Маро на сар, на сомон офариданд,
Маро на сар, на сомон офариданд, Парешонам, парешон офариданд. Парешонхотирон рафтанд дар хок, Маро аз хоки эшон офариданд.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд,
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд, Шави ҳиҷрону рӯзи ғам сарояд. Зи дил берун кунам ҷонро ба сад шавқ, Ҳамин воҷам, ки ҷояш дилбар ояд.
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд,
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд, Сиришкам бехуд аз чашми тар ояд. Аз он тарсам мани баргаштадаврон, Ки умрам дар ғарибӣ бар сар ояд.
Дилам бе васли та шодӣ мебинад,
Дилам бе васли та шодӣ мебинад, Ба ғайр аз меҳнат озодӣ мабинад. Харобободи дил бе мақдами та, Илоҳӣ, ҳаргиз ободӣ мабинад.
Намедунам, дилам девунаи кист,
Намедунам, дилам девунаи кист, Куҷо мегардаду дар хунаи кист. Намедунам, дили саргаштаи му Асири наргиси мастунаи кист.
Диле дирам харидори муҳаббат,
Диле дирам харидори муҳаббат, К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат. Либосе бофтам бар қомати дил Зи пуди меҳнату тори муҳаббат.
Бувад дарди муву дармунам аз дӯст,
Бувад дарди муву дармунам аз дӯст, Бувад васли муву ҳиҷрунам аз дӯст. Агар қассобам аз тан во кара пӯст, Ҷудо ҳаргиз нагарда ҷунам аз дӯст.
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё,
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё, Дили ҳасраткаше дирам, Худоё. Зи шавқи маскану доди ғарибӣ Ба сина оташе дирам, Худоё.
Эй дилбари исонафаси тарсоӣ,
Эй дилбари исонафаси тарсоӣ, Хоҳам, ки ба пеши банда бе тарс оӣ. Гаҳ ашк зи дидаи тарам хушк кунӣ, Гаҳ бар лаби хушки ман лаби тар соӣ.
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ,
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ, Бедории шабҳои дарозам бинӣ. Не, не, ғалатам, ки худ фироқи ту, буто, Кай зинда гузорадам, ки бозам бинӣ?
Эй он ки давои дардмандон донӣ,
Эй он ки давои дардмандон донӣ, Рози дили зори мустамандон донӣ. Ҳоли дили хешро чӣ гӯям бо ту? Ногуфта ту худ ҳазор чандон донӣ.
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге,
Эй аз ту ба боғ ҳар гулеро ранге, Ҳар мурғеро зи шавқи ту оҳанге. Бо кӯҳ зи андӯҳи ту рамзе гуфтам, Бархост садои нола аз ҳар санге.
Ҷон чист?- Ғаму дарду балоро ҳарфе,
Ҷон чист?- Ғаму дарду балоро ҳарфе, Дил чист?- Даруни сина сӯзею тафе. Алқисса, паи шикасти мо баста сафе, Марг аз тарафею зиндагӣ аз тарафе.
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ,
Пайваста ту дил рабудаӣ, маъзурӣ, Ғам ҳеч наёзмудаӣ, маъзурӣ. Ман бе ту ҳазор шаб ба хун дархуфтам, Ту бе ту шабе набудаӣ, маъзурӣ.
Эй дил, бари дӯст тӯҳфа ҷуз ҷон набарӣ,
Эй дил, бари дӯст тӯҳфа ҷуз ҷон набарӣ, Дардат чу диҳанд, номи дармон набарӣ. Бе дард зи дасти дӯст нолон гаштӣ, Хомӯш, ки арзи дардмандон набарӣ.
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ,
Чун гул ба гулоб шуста рӯе дорӣ, Чун мушк ба май ҳалшуда мӯе дорӣ. Чун арсагаҳи қиёмат аз анбуҳи халқ Пурофату меҳнат сари кӯе дорӣ.
Эй шамъ, намунае зи сӯзам дорӣ,
Эй шамъ, намунае зи сӯзам дорӣ, Хомӯшию мурдани румузам дорӣ. Дорӣ хабар аз сӯзи шаби ҳиҷронам, Оё чӣ хабар зи нури рӯзам дорӣ?
Эй дил, то кай мусибатафзо гардӣ,
Эй дил, то кай мусибатафзо гардӣ, Эй хуншуда, чанд дардпаймо гардӣ? Андохтиям дар ба дару кӯй ба кӯй, Расво кардӣ маро ту, расво гардӣ!
Ман кистам? Аз қайди ду олам фарде,
Ман кистам? Аз қайди ду олам фарде, Анқоманише, баландҳиммат марде. Девонаи бехуде, биёбонгарде, Лабрези муҳаббате, саропо дарде.
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ,
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ, Ё бо ғами ман сабр ба ҳам боистӣ. Ё мояи ғам чу умр кам боистӣ, Ё умр ба андозаи ғам боистӣ.