Шеърҳо бо теги: танҳоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар дардам яке будӣ, чӣ будӣ,
Агар дардам яке будӣ, чӣ будӣ, Агар ғам андаке будӣ, чӣ будӣ. Ба болинам ҳабибе ё табибе, Аз ин ҳар ду яке будӣ, чӣ будӣ.
Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ,
Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ, Гулу сунбул ба ҳам омета дорӣ. Парешон чун карӣ он тори зулфон, Ба ҳар торе диле овета дорӣ.
Зи кишти хотирам ҷуз ғам нарӯӣ,
Зи кишти хотирам ҷуз ғам нарӯӣ, Зи боғам ҷуз гули мотам нарӯӣ. Зи саҳрои дили беҳосили му Гиёҳи ноумедӣ ҳам нарӯӣ.
Дилат, эй сангдил, бар мо насӯҷӣ,
Дилат, эй сангдил, бар мо насӯҷӣ, Аҷаб набвад, агар хоро насӯҷӣ. Бисӯҷам, то бисӯҷонам дилатро, Дар озар чӯби тар танҳо насӯҷӣ.
Илоҳо, сӯзи ишқам бештар кун,
Илоҳо, сӯзи ишқам бештар кун, Дили решам зи дардаш рештар кун. Аз ин ғам гар даме фориғ нишинам, Ба ҷонам сад ҳазорон нештар кун.
Сари саргаштаам сомун надора,
Сари саргаштаам сомун надора, Дили хунгаштаам дармун надора. Ба кофирмазҳабе дил баста дирам, Ки дар ҳар мазҳабе имун надора.
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора,
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора, Фиғон, к-ин чораву дармун надора. Худовандо, надуна носеҳи му, Ки фарёди дилам беихтиёра.
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша, Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша. Азизун, қадри якдигар бидунед, Аҷал санг асту одам мисли шиша.
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора,
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора, Сарам дар раҳни теғи обдора. Надорам ихтиёре аз чӣ ҷӯшаш, Дили му тоби ин савдо надора.
Ғаму дарди дили ту беҳисоба,
Ғаму дарди дили ту беҳисоба, Худо дуна, ки мурғи дил кабоба. Бинозам дасту бозуи та, ҷаллод, В-агар қатлам карӣ, валлаҳ, савоба.
Саҳаргоҳон фиғони булбулона,
Саҳаргоҳон фиғони булбулона, Ба ёди рӯи пурнури гулона. Зи оҳи му, фалак, охир ҳазар кун, Асар дар нолаи сӯтадилона.
Ба дунё мисли му дилсӯтае на,
Ба дунё мисли му дилсӯтае на, Ба дарди сӯз ғамандӯтае на. Чунон бандам раҳи сели ду дида, Ки ин захми дилам лавсӯтае на.
Дили му доим андар мотами та,
Дили му доим андар мотами та, Ба дил пайваста бӣ дарду ғами та. Чӣ пурсӣ, ки чаро қаддат бибу хам? Хами қаддат аз он печу хами та.
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора,
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора, Фалак бар гарданам занҷир дора. Фалак, аз гарданам занҷир бардор, Ки ғурбат хоки домангир дора.
Бе та як дам дилам хуррам намуна,
Бе та як дам дилам хуррам намуна, В-агар рӯи та винам, ғам намуна. Агар дарди дилам қисмат намоян, Дили бедард дар олам намуна.
Дилам аз дарди та доим ғамина,
Дилам аз дарди та доим ғамина, Ба болин хиштаму бистар замина. Ҳамин ҷурмам, ки му та дӯст дирам, На ҳар, к-ат дӯст дира, ҳолаш ина.
Насиби кас набӣ дарди дили му,
Насиби кас набӣ дарди дили му, Ки бисёра ғами беҳосили му. Касе бу, аз ғаму дардам хабардор, Ки дора мушкиле чун мушкили му.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Ғами ишқи та кай дар ҳасрат ояд,
Ғами ишқи та кай дар ҳасрат ояд, Ҳумое, кай ба ҳар буму бар ояд. Зи ишқат сарфарозон ком ёбанд, Ки хур аввал ба куҳсорун барояд.
Навои нола ғам андӯта дуну,
Навои нола ғам андӯта дуну, Иёри қалби холис бӯта дуну. Бура, сӯтадилон во ҳам бинолем, Ки қадри сӯтадил дилсӯта дуну.
Саре дорам, ки сомонаш намебу,
Саре дорам, ки сомонаш намебу, Ғаме дорам, ки поёнаш намебу. Агар бовар надорӣ, сӯи ман ой, Бувин дарде, ки дармонаш намебу.
Барандам ҳамчу Юсуф гар ба зиндон,
Барандам ҳамчу Юсуф гар ба зиндон, Ва ё нолам зи ғам чун мустамандон. Агар сад боғбон хасмӣ намояд, Мудом оям ба гулзори ту хандон.
Дилам тангу надонам сабр кардан,
Дилам тангу надонам сабр кардан, Зи дилтангӣ бувам розӣ ба мурдан. Зи шарми рӯи та му дар ҳиҷобам, Надонам арзи ҳолам во та кардан.
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин,
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин, Сиришки сурху ранги зарди ман бин. Ғами маҳҷурию дарди сабурӣ, Биё, бар ҷони ғампарварди ман бин.
Ба умри хештан то ёд дирам,
Ба умри хештан то ёд дирам, Зи ҳаҷрат нолаву фарёд дирам. Надорам хотири шоде ба хотир, Ҳамеша хотири ношод дирам.