Ғаме дорам
Ғаме дорам, ки поёне надорад,
Диле дорам, ки дармоне надорад.
Тамоми оламу дунё зи ман рафт,
Тамоми ҳастиям ором надорад.
Гузар гарданд чанде моҳу солҳо,
Зи ин қалб оҳи сарде кам нагардад.
Маро гӯянд, ки дунё инчунин аст,
Бидуни ту маро дунё ҳеҷ аст,
Бидуни ту ҳама ширин нагардад.