Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Азиз Форисӣ
Азиз Форисӣ

Вафодори ту буд.

Дар саропои вуҷудам, ишқи бемори ту буд, Омаданҳои ман ин шаҳр, завқи дидори ту буд. Чун зи лавҳи ҷону дил ҳаргиз намерафт меҳри ту, Ин дили ғамдидаам як умр, талабгори ту буд. Ёд бод он рузгоре, ки барои диданат, Соате чанд мунтазир дар назди толори ту буд. Ман надонистам, ки аҳдат сусту ҳарфҳоят дуруғ, Лек донистам, ҷудоӣ кору кирдори ту буд. Ман нанолам ҳаргиз аз ҷавре, ки бо ман мекуни, Бадиҳоят некӣ дошт, чун дил гирифтори ту буд. Ин ки меларзиву мегирйӣ, ту, Форис, баҳри чӣ? Боз бахшаш, к-он нигор чанд руза дилдори ту буд. То барои диданат, садҳо раҳҳо тай кард вале, Бевафоӣ мекунӣ, гарчанд вафодори ту буд.