Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бозор Собир
Бозор Собир

Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем, Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем. Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳамоташи Зардуштем, Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем. Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд. Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем. Девори Бухороем, мо ҳам кӯҳи хороем. Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем, Ҳам вориси қомусем, ҳам вориси номусем, Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем, Ҳамшаҳри баномусем, ҳамшаҳри баиқболем. Мо шеъру ғазалбофӣ аз рӯзи азал кардем, Садҳо Раҳи Абрешим аз шеъру ғазал кардем, Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шири Аҷам шер аст, Анбӯҳи қаламзораш найзори қаламшер аст