Дар оғӯши куҳистон
Кӯҳ гуфтам ман,
Бадахшон кӯҳ гуфт,
Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт…
Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,
Ҳамзабон, ҳамдард, ҳамтақдиру ҳамармони ман.
Кӯҳ гуфтам,
Бо тане аз санги мармар,
Бо саре аз санги хоро
Сад ҳазорон паҳлавон аз хоб хест,
Сад ҳазорон қаҳрамон аз хоб хест…
Кӯҳ гуфтам,
Норасо овози ман
Лаҳзае дар кӯҳҳо печиду аксандоз шуд,
Бонг шуд, фарёд шуд,
Оламе бо ман ба як овоз ҳамовоз шуд.
Кӯҳҳо, ин қуллаҳои саркаши фарёдрас,
Эй басо овозҳои норасобарҷастаро
Хандаҳою гиряҳои осмонӣ кардаанд,
Доду фарёди ҷаҳонӣ кардаанд.
Аз сари ин қуллаҳо як оҳи кӯтоҳе бас аст,
То яке бархезад аз ҳар санг оҳ,
Оҳи кӯтоҳат шавад овозҳо,
То туро бинанд аз дур,
Бишнаванд аз дур ҳам…
Тухми мо дар рӯи олам он қадар бисёр нест,
Лек то кӯҳу камар барҷо бувад,
Халқи мо он қадр каммиқдор нест.
Бо хурӯше, балки бо як норасо фарёд ҳам
Медиҳад овоз кӯҳистону дар оғӯши он
Мо фаровон мешавем,
Мо ҳазорон мешавем.
То даме бо кӯҳсоронем,
Танҳо нестем:
Оҳи мо, овози моро
Мекунад ҳар санг такрор,
Саршумори тоҷиконро
Мекунад ҳар санг бисёр.