Пас аз мо
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки дасташро ба рӯи шонаи хуршед хоҳад бурд,
Ба мо – аҷдоди беҳад содааш ҳам фахр хоҳад кард
Ва ҳам афсӯс хоҳад хӯрд,
Ки мо ҳам чанд дар дунё
Гаҳе пайғамбарӣ кардем,
Барои худ пайафкандем ҳайкалҳову минбарҳо
Ва дар ҳукми худое зиндагӣ кардем.
Ва гоҳе низ дунёро сабақ додем,
Сареро то панаҳ кардем, сар додем,
Гаҳе дар пушти минбарҳо,
Гаҳе дар пушти сангарҳо…
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки сар бар осмон соида,
по бар Каҳкашон мемонад он одам
Ва ӯ бори замин -
Бори тавонфарсои ин сайёраи «шаккоки» деринро,
Ки ӯро то кунун аз осмонҳо сангборон мекунад шайтон
Ва ӯро зери пояш тирборон мекунад инсон,
Чу бори хеш мебардорад он одам,
Чу бори хеш бе миннат
Бе миннат.
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки одам асрҳо дар зиндагии хеш ӯро орзу мекард.
Бурун шуд борҳо бо ин ҳаво аз расми яздонӣ,
Ибодатхонаро бишкаст,
Ба сӯи осмонҳо тир зад чун бар худовандӣ,
Гаҳе Шаддоду Қорун шуд,
Гаҳе Намруд.
Гаҳе Хайёму Сино шуд,
Гаҳе Маҳмуд,
Гаҳе бо худ,
Гаҳе бе худ.
Чи инсоне, ки хашму раҳми инсонӣ-ш,
Гаҳе зода, гаҳе нозода гӯраш кард.
Гаҳе бинову гӯёеву гоҳе гунгу кӯраш кард,
Гаҳе бар хоку бар хокистараш биншонд.