Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Гирад, ки зи гуфтор забони талаби мо

Гирад, ки зи гуфтор забони талаби мо, Қуфле занад андешаи хоҳиш ба лаби мо. Дар анҷумани лутфу карам фахр намоянд, Ҳиммат ба тунукрӯйии шахси талаби мо. Мо, хона зи барқи нафас афрӯхтагонем, Дар бар накунад хилъати маҳтоб шаби мо. Он заҳрсириштем, ки дар ғамкадаи ком Май талх нагардад магар аз ёди лаби мо. Симои асолат бувад аз носия зоҳир, Аз ҷабҳаи мо пурс ҳадиси насаби мо. Гӯ, чарх ба авзои хасон даст маёлой, Кофист мар ин беадабонро адаби мо. Ай туҳмати чин, баста ба зулфи шаби андӯҳ Якбора бибин ҷабҳаи субҳи тараби мо. Толиб, нафасе тоза кун он гоҳ ба оҳанг, Байте ду бихон з-ин ғазали мунтахаби мо.