Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Бигзашт зи мо хандазанон сарвқади мо

Бигзашт зи мо хандазанон сарвқади мо, Ку абр, ки дар гиря намояд мадади мо. Андешаи он ҷилваи мастона фузун сохт, Бар сояи дунболарави ӯ ҷасади мо. Мо, гулханиён сунбулу насрин нашиносем, Оташ бувад, оташ гули рӯйи сабади мо. Дар сар ҳаваси афсари Ҷамшед надорем, Арзонии мо бод кулоҳи намади мо. Мо-тоифаро аз дузабонӣ хабаре нест, Дар арзи таманно чӣ яки мо чӣ сади мо! Саргарм ба меҳри ту зи бас дар таҳи хокем, Оташкада ояд ба тавофи лаҳади мо. Тавфи ҳарам аз даст шуд, ай кош, намедошт Бӯйи санами барҳаманӣ аз самади мо. Не сарви чаманзоду на шамшоди биҳиштем, Андешаи ҳамдӯшии ӯ нест ҳади мо. Ташрифи шаҳодат зи дами теғи ту дорем, Фарз аст бар арвоҳ тавофи ҷасади мо. Толиб, дили мо дар гарави ҳуру парӣ нест, Дӯшизаи маънӣ шуда то номзади мо.