Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Ай ишқ, гурез аз дили мо

Ай ишқ, гурез аз дили мо В-ай ғам, гузаре ба манзили мо. Ай ҳаҷр, мурувват аст, мурдем, То чанд шиканҷаи дили мо? Мо қулзуми мавҷхези яъсем, Киштӣ нарасад ба соҳили мо. Хирмансӯзони боддастем, Домони тиҳист ҳосили мо. Аз шабнами гиря сабз гардад, Нокошта дона дар гили мо. Шаҳд аст такаллуми лаби дӯст, Захм аст табассуми дили мо. Булбул кунад орзу, ки бошад Парвонаи шамъи маҳфили мо. Аз ҳавдаҷи мо зимоми ҳиммат, Бартофта мири манзили мо. Дониста магар, ки барнатобад, Ҳар ноқа шукӯҳи маҳмили мо. Толиб, раҳи дил ба сар набурдем, Фарёд зи саъйи коҳили мо.