Ба тан бӯё кунад гулҳои тасвири ниҳолиро
Ба тан бӯё кунад гулҳои тасвири ниҳолиро,
Ба по дар ҷунбиш орад хуфтагони нақши қолиро.
Ману андешаи бӯсу канори ӯ, муҳол аст ин,
Магар бинам ба хоб ин орзуҳои хаёлиро.
Туро бояд зи хеш омӯхтан илми вафодорӣ,
Чӣ ҳоҷат бо муаллим соҳибони дарки олиро?
Ҳанӯз андак шууре дорам, ай соқӣ, зи ман магзар,
Ба чашми масти худ таклиф кун ин ҷоми холиро.
Ҳиҷобам ғунчасон дар пардаи номус ғам дорад,
Дареғо, кош мечидам гули беинфиолиро.
Гаҳе абри тару гоҳе тарашшуҳ гунаи борон,
Биё, дар чашми ман бингар ҳавои баршуголиро.
Фалак оҷизписанд афтод, ман ҳам дар мамошоташ,
Татаббуъ мекунам бо шертабъиҳо шиколиро.
Фарангишоҳидонат соқии базманд, ҳон, ай дил,
Санам мегӯву мекаш бодаҳои партуголиро.
Зи мижгони ғизолон хомаҳо сар кардаӣ, Толиб,
Рақам зан бар баёзи дида ин ашъори олиро.