Ошиқи дардем, пас баред даворо
Ошиқи дардем, пас баред даворо,
Талх месозед коми рағбати моро.
Ай сафи аҳли ҳавас, низоъ надорад,
Оташи моро, гули биҳишти шуморо.
Чашм напӯшад чӣ сон аз ин дили бешарм,
Он ки рухаш офарида ранги ҳиноро?!
Дар ҳарами зулфи ӯ даромада густох,
Силсила бар по ниҳед боди саборо.
Бар сари кӯйи асар зи шуълаи оҳам,
Бол бисӯзад кабӯтарони дуоро.
Гар кафи хоке-ст ҳаст, бар сари мо рез,
Бо гулу насрин чӣ кор аҳли азоро!
Каъбаравон, поятон зи роҳ фурӯ монд,
Қисмат бар дил кунед обилаҳоро.
Ҳоҷати арзи матои меҳру вафо нест,
Нек шиносем мо турову ту моро.
Чошнии заҳри дардмандии ишқат,
Шарбати бемор сохта хуни шифоро.
Ҷоми май аз каф ниҳодаӣ, аҷаб аз ту,
Ранги шафақро бибину рӯйи ҳаворо.
Бар сари хоки гузаштагон гузаре кун,
Маҳшари ҷон соз турбати шуҳадоро.
Нури хаёлат зи дил ба дида фикандем,
Душмани ҳам сохтем ойинаҳоро.
То ба кафи пойи ӯ ниҳода рух аз рашк,
Ранг наёрам ба чеҳра дид ҳиноро.
Ҷавр макун дар либоси раҳм, ки Толиб
Нек шиносад итобу лутфи шуморо.