Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,
Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ, Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ. Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун, Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ.
Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ,
Он ҷо, ки бибоӣ, на падидӣ гӯӣ, Он ҷо, ки набоӣ, аз замин баррӯӣ. Ошиқ кунию муроди ошиқ ҷӯӣ, Инат хушию зарифию некӯӣ.
Эй дилбари исонафаси тарсоӣ,
Эй дилбари исонафаси тарсоӣ, Хоҳам, ки ба пеши банда бе тарс оӣ. Гаҳ ашк зи дидаи тарам хушк кунӣ, Гаҳ бар лаби хушки ман лаби тар соӣ.
Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ?
Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ? Гуфто худро, ки ман худам яктое. Ҳам ишқаму ҳам ошиқу ҳам маъшуқам, Ҳам оинаи ҷамолу ҳам биноӣ.
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.
Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ,
Аз ҳастии хеш то пушаймон нашавӣ, Сарҳалқаи орифону мастон нашавӣ. То дар назари халқ нагардӣ кофир, Дар мазҳаби ошиқон мусулмон нашавӣ.
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ,
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ, В-аз гармии баҳс маҷлисафрӯз шавӣ. Дар мактаби ишқ бо ҳама доноӣ Саргашта чу тифлони навомӯз шавӣ.
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве,
Дар кӯи ту медиҳанд ҷоне ба ҷаве, Ҷоне чӣ бувад, ки корвоне ба ҷаве. Аз васли ту як ҷав ба ҷаҳоне арзад, З-ин ҷинс, ки моем, ҷаҳоне ба ҷаве.
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ,
Боз ой, ки то сидқи ниёзам бинӣ, Бедории шабҳои дарозам бинӣ. Не, не, ғалатам, ки худ фироқи ту, буто, Кай зинда гузорадам, ки бозам бинӣ?
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ,
Дунёи дании пурҳавасро чӣ кунӣ, Олудаи ҳар нокасу касро чӣ кунӣ? Он ёр талаб кун, ки туро бошаду бас, Маъшуқаи сад ҳазор касро чӣ кунӣ?
Гуфтӣ, ки ба вақти маҷлис афрӯхтанӣ
Гуфтӣ, ки ба вақти маҷлис афрӯхтанӣ Оё ки чӣ нуктаҳост бардӯхтанӣ? Эй бехабар аз сӯхтаву сӯхтанӣ, Ишқ омаданӣ бувад, на омӯхтанӣ.
Гар дар талаби гавҳари конӣ, конӣ,
Гар дар талаби гавҳари конӣ, конӣ, В-ар зинда ба бӯи васли ҷонӣ, ҷонӣ. Алқисса, ҳадиси мутлақ аз ман бишунав, Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
М-озор дилеро, ки ту ҷонаш бошӣ,
М-озор дилеро, ки ту ҷонаш бошӣ, Маъшуқаи пайдову ниҳонаш бошӣ. З-он метарсам, ки аз дилозории ту Дил хун шаваду ту дар миёнаш бошӣ.
Аз кибр мадор ҳеч дар дил ҳавасе,
Аз кибр мадор ҳеч дар дил ҳавасе, К-аз кибр ба ҷое нарасидаст касе. Чун зулфи бутон шикастагӣ одат кун, То сайд кунӣ ҳазор дил дар нафасе.
Эй шамъ, намунае зи сӯзам дорӣ,
Эй шамъ, намунае зи сӯзам дорӣ, Хомӯшию мурдани румузам дорӣ. Дорӣ хабар аз сӯзи шаби ҳиҷронам, Оё чӣ хабар зи нури рӯзам дорӣ?
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре,
Дасте на, ки аз нахли ту чинам самаре, Пое на, ки аз кӯи ту ёбам гузаре. Чашме на, ки бар хеш бигирям қадаре, Рӯе на, ки бар хок бинолам саҳаре.
Эй кош маро ба нафт олояндӣ,
Эй кош маро ба нафт олояндӣ, Оташ бизадандию набахшояндӣ. Дар чашми азизи ман намак сояндӣ, В-аз дӯст ҷудо шудан нафармояндӣ.
Эй он ки ба гирди шамъ дуд овардӣ,
Эй он ки ба гирди шамъ дуд овардӣ, Яъне, ки хат арчи хуш набуд, овардӣ. Гар дуди дили ман аст, дерат бигирифт, В-ар хатт ба хуни мост, зуд овардӣ.
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ,
Эй дида, маро ошиқи ёре кардӣ, Доғам зи рухи лолаъизоре кардӣ. Коре кардӣ, ки ҳеч натвон гуфтан, Аллаҳ, Аллаҳ, чи хуб коре кардӣ!
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ,
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ, Дар базми висоли худ маро ҷо додӣ. Алқисса, ба сад карашмаву ноз маро Ошиқ кардию сар ба саҳро додӣ.
Дорам санаме, чеҳрабарафрӯхтае,
Дорам санаме, чеҳрабарафрӯхтае, В-аз хирмани даҳр дидабардӯхтае. Ӯ ошиқи дигарею ман ошиқи ӯ, Парвонасифат сӯхтае, сӯхтае.
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ,
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ, Бетобии ман дидаву бартофтаӣ. Шаб тираву ёр дуру кас мӯнис не, Эй ҳаҷр, бикуш, ки бекасам ёфтаӣ.
Эй рӯи ту меҳри оламорои ҳама,
Эй рӯи ту меҳри оламорои ҳама, Васли ту шабу рӯз таманнои ҳама. Гар бо дигарон беҳ зи манӣ, вой ба ман, В-ар бо ҳама кас ҳамчу манӣ, вои ҳама.
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома,
Ҳиҷрони туро чу гарм шуд ҳангома, Бар оташи ман қатра фишон аз хома. Ман рафтаму мурғи рӯҳи ман пеши ту монд, То ҳамчу кабӯтар аз ту орад нома.
Чашмам, ки сиришки лолагун оварда,
Чашмам, ки сиришки лолагун оварда, В-аз ҳар мижа қатраҳои хун оварда. Не, не, ба назораат дили хуншудаам Аз равзани сина сар бурун оварда.