Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Ману дарё
Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё, Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ, Ба поинҳо аз он боло – ману
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам, Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам. Бар сари зонуи модар боз биншинам даме, Гиряму хандам, сарамро сила бинмоя
Пас аз чандин сабуриҳо
Пас аз чандин сабуриҳо Ту аз дур омадӣ, аз дури дуриҳо, Нигоҳат ташнагиҳои муҳаббат дошт, Садоят ташнагиҳои саодат дошт.
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад. Мард он, ки сари кулла чу ҳамхонаи Хуршед, Аз қисмати худ розию саршор бимирад.
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст
Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам
Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам, Агар бегонадил мебудӣ, ман бегона мемурдам. Агар ишқат намеомӯхт расми дардмандиям, Яқин бедарду доғи ишқ бедардо
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем
Ёр меҷӯему бо ноёр қисмат мекунем, Баҳр меҷӯему бо ҷӯе қаноат мекунем. Ишқ меҷӯему аз шавқе пушаймон мехурем, Ком меҷӯему бо ҷоме кифоят мекунем.
Хумор
Дар домани баҳор Андар деҳи Мазор Гулғунчаи таре, Покизагавҳаре
Вафо
Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ, Агар бақо кунӣ бо ман, бақои умри манӣ. Агар ба хотири дил мисли мавҷ бо соҳил Суруди ишқ бихонӣ, садои умри манӣ.
Модарам
Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам, Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам. Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул, Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё,
Ёд кун аз ман
Дар он соат, Ки барги охирин гулҳои фасли тирамоҳ аз боғу бустонҳо Ба сад афсӯс пар чинанд, Ба хилват ёд кун аз ман!
Ишқ дар дил
Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст, Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст. Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд, Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.
Туро дид дилам
Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад, Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад. На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад, Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз
Ороиши ҷавониям
Ороиши ҷавониям ишқи ту буду мурд, Гулбонги шодмониям ишқи ту буду мурд. Болам дигар шикаставу авҷам нишастааст, Парвози осмониям ишқи ту буду мурд.
Сӯхтам, бирён шудам, гирён шудам
Сӯхтам, бирён шудам, гирён шудам, Ҷонфишони гесуи афшон шудам. Қаҳр кардам, рашк кардам назди ӯ, Як қадам то дур шуд, пазмон шудам.