Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Бар санг зад замона зи бас сози ошно
Бар санг зад замона зи бас сози ошно, Дар сурма гард мекунад овози ошно. Имрӯз нест қобили тафриқу имтиёз Анҷоми кори душману оғози ошно.
Чист одам?
Чист одам? Муфради килки дабиристони Раб, К-ин ҳама авзои асморост таркибаш сабаб. Зодаи илми маволидаш ҷаҳони моу тин, «Лаямлид ламюлад»-аш оинаи асли насаб.
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Ханда бар лаб мезанам
Ханда бар лаб мезанам то кас нафаҳмад рози ман, В-арна ин дунё, ки мо дидем, хандидан надошт.