Чист одам?
Чист одам? Муфради килки дабиристони Раб,
К-ин ҳама авзои асморост таркибаш сабаб.
Зодаи илми маволидаш ҷаҳони моу тин,
«Лаямлид ламюлад»-аш оинаи асли насаб.
Аз тасаннуъ гар ҳама мову ту орад бар забон,
Миму нун дорад ҳамон шакли кушоду басти лаб.
Эҳтимолоти тамизаш ваҳми чандин хайру шар,
Офтобе дар ваболи туҳмати раъсу занаб.
Он сӯи кавну макон тайёру парвозинтизор,
Шаш ҷиҳат вобастагиоғӯшу озодиталаб.
Оҳувони дашти фитратро хаёли ӯ Хутан,
Коргоҳи шишаи афлокро фикраш Ҳалаб.
Нур аз ӯ беэҳтиҷобу зулмат аз вай бекалаф,
Зоти оламтоби ӯ хуршеди рӯзу моҳи шаб,
Ҳосили радду қабулаш инқисоми хубу зишт,
Инфиолаш дӯзаху иқбол фирдавси тараб.
Шӯри ишқ аз фитнаоҳангони қонуни димоғ,
Шарми ҳусн аз сояпарвардони мижгони адаб.
Аз ҳазор оина як нури яқинаш мунъакис,
Аз ду олам нусхааш як нуқтаи дил мунтахаб.
Бо ҳама сомони қудрат шахси таслимэътибор,
Бо камоли кибриёӣ пайкари Бедиллақаб.