Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб,
Кӯк аст қулқули май бо нағмаҳои мутриб.
Дарюза чашм дорем аз косаҳои танбӯр,
Дар ҳаққи мо баланд аст дасти дуои мутриб.
Сад ранг оҳи ҳасрат печидаем дар дил,
Ин тордон ниёз аст аз мо ба пои мутриб.
Кайфияти баму зер мафҳуми анҷуман нест,
Дар парда то чӣ бошад манзури рои мутриб?
Номаҳрамони айшанд бегонагони соқӣ,
В-аз дард бемансибон ноошнои мутриб.
Ҳарчанд восароянд сад раҳ таронаи ҷоҳ,
Ин ағниё надоранд файзи ғанои мутриб.
Узри димоғи мастон масмӯъи ҳеҷ кас нест,
Ё Раб, ки гесуи чанг афтад ба пои мутриб.
Қонун ба захма нозон, даф аз тапонча хандон,
Бар сози мо фитодаст яксар балои мутриб.
Бедил, кӣ раҳм мекард бар сахтҷонии мо,
Нохун агар намебуд зӯрозмои мутриб?