Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Вой, пайванди сухансанҷон намонд

Вой, пайванди сухансанҷон намонд, Такягоҳи соҳиби ирфон намонд. Рафт аз офоқ лутфи адлу дод, Баркати дин, қудваи инсон намонд, Қутби ақтоби ҳақоиқ бор баст, Солике дар кишвари имкон намонд. Маҷмаи аснод бешероза шуд, Робити иқлими Ҳиндустон намонд. Ҳодии анвори лутф аз дида рафт, Маҳдии ҷамҷоҳ Оқилхон намонд