Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ошиқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном

👁 30

Дарегам ояд хондан гизофвор ду ном, Бузургвор ду ном аз гизоф хондани хом: Яке, ки хубонро яксара наку хонанд, Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ом.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бар рухаш зулф ошиқ аст чу ман

👁 23

Бар рухаш зулф ошиқ аст чу ман, Лоҷарам, ҳамчу ман-ш нест қарор. Ману зулфини ӯ нагунсорем, Ӯ чаро бар гул асту ман бар хор?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 97

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷуз он ки мастии ишқ аст, эч мастӣ нест

👁 15

Ҷуз он ки мастии ишқ аст, эч мастӣ нест, Ҳамин балот бас аст, ай ба ҳар бало хурсанд! Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад, Зи бими теғи ту бадҷаш ҷудо шавад

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард

👁 23

Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард, К-ин ишқ чунин бошад: гаҳ шодию гаҳ дард. Гар хор кунад меҳтар, хорӣ накунад айб, Чун боз навозад, шавад он доғи ҷафо сард

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин

👁 21

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё. Бошад гаҳи висол бибинанд рӯи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе

👁 29

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе, Чӣ соӣ зери кӯҳе арзане ро?! Бибахшо, моҳи ман, бар ман бибахшо, Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гули садбаргу мушку анбару себ

👁 34

Гули садбаргу мушку анбару себ, Ёсамини сапеду мӯрди базеб. Ин ҳама яксара тамом шуда-ст Назди ту, ай бути мулукфиреб.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро

👁 80

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро

👁 41

Дило, то кай ҳамеҷӯйи манеро, Чӣ дорӣ дуст ҳарза душманеро?! Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое, Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ