Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин

Бо ошиқон нишину ҳама ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё. Бошад гаҳи висол бибинанд рӯи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё. То андар он миёна, ки бинанд рӯи ӯ, Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё! Ошиқ нимой хештан, арчи ҳазиниё.