Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт!
В-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқ гудохта нашнохт.
Ҳар ду як гавҳаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак андар тохт.