Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Шабтоб
Дар зери сояравшани маҳтоби хобнок, Дар домани сукути шабе хаставу хамӯш, Оҳистагом, мегузарад шоире ба роҳ: Масту рамидаҳуш.
Дар лабханди ӯ
Дидаму меомад аз муқобили ман дӯш, Хандаи талхе ниҳода бар лаби пурнӯш. Ғамзада чун моҳтоби охири пойиз, Дӯхта бар рӯи ман нигоҳи ғамангез.
Сароб
Умре ба сар давидам дар ҷустуҷӯйи ёр: Ҷуз дастрас ба васли вайям орзу набуд. Додам дар ин ҳавас дили девонаро ба бод, Ин ҷустуҷӯ набуд.