Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Даме, ки ёр гузорад қадам ба хонаи мо
Даме, ки ёр гузорад қадам ба хонаи мо, Сазад, ки Каъба шавад санги остонаи мо. Сазад, ки даъвии ҳамсоягӣ ба мӯр кунем, Ки саҳни хонаи халқ аст боми хонаи мо.
Гармрӯ монанди шамсам баски дар роҳи фано
Гармрӯ монанди шамсам баски дар роҳи фано, Дур набвад гар бисӯзад дар кафи дастам асо. Хонаи мо зери бори миннати наққош нест, Нест нақше пеши мо хуштар зи нақш