Гармрӯ монанди шамсам баски дар роҳи фано
Гармрӯ монанди шамсам баски дар роҳи фано,
Дур набвад гар бисӯзад дар кафи дастам асо.
Хонаи мо зери бори миннати наққош нест,
Нест нақше пеши мо хуштар зи нақши бӯрё.
Баски шуд занҷири поям риштаи ҳуббулватан,
Дар сафар доим чу сӯзан чашм дорам дар қафо.
Гар расад дар гӯши ман овози санги кӯдакон,
Меравам аз хонаи занҷир берун чун садо.
Хона холӣ кун зи асбоби тааллуқ чун ҳубоб,
То наёбад роҳ дар кошонаат сели бало.
Пойи мо дар роҳи ишқ азбаски меояд ба санг,
Мерасад дар гӯши ман аз косаи зону садо.
Аз худороӣ, Ғанӣ, дар банди зинат нестам,
Мепарад чун ранги рӯ аз дасти ман ранги ҳино.