Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ғ
Ғании Кашмирӣ

Ба чашмам обу ранге нест хони подшоҳонро

Ба чашмам обу ранге нест хони подшоҳонро, Ки дорад косаи дарвеш неъматҳои алвонро. Нигоҳи тез мебинам ба сӯйи ӯ ғизолонро, Нигаҳ дорад Худо аз чашми бад он тири мижгонро. Кас аз парвардаи худ дар ҷаҳон тарфе намебандад Ба тори нол най дӯзад қалам чоки гиребонро. Магар он шоҳи хубон кард Мисри ҳуснро ғорат, Ки бошад бар ҷабин доғи ғуломӣ моҳи Канъонро. Набошад бе сари зулфат сари бӯйидани мушкам, Ки бӯйи нофа бошад мӯйи бинӣ бедимоғонро. Зи беақлӣ чу тифли ашк нек аз бад намедонам, Сари пистон тасаввур мекунам тӯйи гиребонро. Таваккулпешаро рӯзӣ ба дасти хеш мебошад, Макад ангушти худ кӯдак, чу набвад шир пистонро. Ба ҷуз озор аз ҳамсояи бад кас намебинад, Ғанӣ, истодагӣ дар лаб газидан нест дандонро.